Ҳимоятгар ва илҳомбахши корҳои нек
Турсунзода, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар шаҳри Турсунзода конфронси V-уми Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони аъзои иттифоқи касаба аз хоҷагиҳои калон ва хурди деҳқонӣ ҳузур доштанд. Зикр шуд, ки дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода алҳол зиёда аз 12 ҳазор аъзои иттифоқи касаба фаъолият доранд.Иттифоқҳои касаба ҳамчун ҳимоятгари манфиатҳои деҳқонон, ташкилотчии мусобиқаҳои гуногун дар байни кишоварзон ва ҳавасмандкунандаи аҳли заҳмат аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ нақши муассир доранд. Ҳамчунин иттифоқҳои касаба дар риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор, интизоми меҳнат ва ба кормандон расонидани музди муносиб саҳми арзанда доранд. Дар ҷамъомад Миралӣ Сафаров, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуд. Дар охир ба пешқадамони истеҳсолот, аъзоёни фаъоли иттифоқи касаба мукофот тақдим гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






