Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод

Октябрь 13, 2012 17:07

Душанбе,13 октябр. (АМИТ «Ховар»). —  Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод доир ба рафти омодагӣ ба зимистон телефонӣ ҳисобот доданд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва мевагиҳо зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки барои ҷамъоварии пурра ва захира кардани ҳосили фаровони заҳмати боғдорону картошкапарварон чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.Раисони ноҳияҳои Тавилдара, Рашт ва Нуробод ҳамчунин вазифадор гардиданд, ки доир ба барқарорсозии саривақтии оқибатҳои заминларзаи шадид, ки дар ин ноҳияҳо 13-уми майи соли равон рух дода, ба хонаҳои аҳолии чанде аз деҳоти дурдаст хисороти зиёд ворид карда буд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти масъули ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд. Таъкид гардид, ки аҳолии бар асари ин заминларза бехонамонда бояд то оғози мавсими сардӣ бо сарпаноҳ таъмин карда шаванд.Ба раиси ноҳияи Файзобод, иловатан доир ба рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо тухм ва гӯшти паранда дастуру ҳидоятҳо дода шуд.Раисони ноҳияҳои номбурда – Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод ҳамчунин вазифадор шуданд, ки рафти иҷрои супоришҳои Сарвари давлатро, ки зимни сафарҳои корӣ ба ин ноҳияҳо дода шудаанд, таҳти назорати бевосита қарор дода, пайваста чораҳои муассир амалӣ намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 13, 2012 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад