Ҷаласаи роҳсозону нақлиётчиёни ИДМ

Октябрь 11, 2012 16:37

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 16-уми октябр дар шаҳри Маскав Анҷумани III-юми роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар Анҷумани роҳсозон роҳбарони кумитаҳои иҷроияи кишварҳои узви ИДМ ширкат карда, масоили марбут ба ҳамоҳангсозии кори нақлиёт ва роҳҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин дар нишаст намояндагони ҳукумати иҷроия ва қонунбарори Федератсияи Русия ва ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, як қатор вазорату ташкилотҳо, мутахассисони варзидаи соҳаи роҳсозӣ ва кумитаҳои иттифоқҳои касаба иштирок менамоянд.

Октябрь 11, 2012 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид