Ҷавонон ба хизмати Ватан мераванд
Хоруғ, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Рӯзи 24 – уми моҳи октябр шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон хабар доданд. Ду ҳафта қабл навоҳии Мурғобу Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ дар вилоят нахустин шуда, нақшаи даъватро иҷро намуданд. Ҳоло навоҳии Ванҷу Дарвоз, Рӯшон ва Ишкошим низ дар арафаи иҷрои нақшаанд. Тавре ки комиссари ҳарбии вилоят Зафар Давлатов иттилоъ дод, имсол дар кори даъват ягон мушкилӣ нест, зеро аксари ҷавонон ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ меоянду хоҳиш менамоянд, то ки онҳоро ба хизмат баранд. Ба гуфти комиссари ҳарбӣ рӯзҳои 5- 6- уми моҳи ноябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро мегардад. То ҳоло 83 дарсади нақша иҷро шудааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






