Барқарор кардани ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои саноати сабук
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук коргоҳҳои зерин сохта ба истифода дода шуданд:Дар ҶММ «Ёқут — 2000» — коргоҳ оид ба истеҳсоли сумкаҳо ва парчам, дар ҶСП «Гулистон» — коргоҳ оид ба истеҳсоли хилъатҳои якбормасраф, васеъгардонии коргоҳи дӯзандагии КВД «Заводи Заря Востока», ҶММ «Бибиҳалима» — оид ба истеҳсоли қолинҳои дастӣ, ҶММ «Фирӯз», СИ «Дадабоев», ҶММ «Иззат», ҶММ «Сарей», СИ «Орипов» ва СИ «Раҳимов» оид ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, СИ «Ахмедов» истеҳсоли мебел, СИ «Набиев», ҶММ «Муҳаммадинаҷот» оид ба коркарди пӯст, ки дар натиҷа зиёда аз 573 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, дар айни замон шаҳрвандони маҳаллӣ ба фаъолияти корӣ машғул мебошанд. Корхонаҳои соҳавии ҶСП «Ресмон», Фабрикаи ҷӯроббофии «Наврӯз», ҶММ «Спитамен- Текстайл», ҶСК «Фаррес», ҶММ «УТ- Текс», ҶММ «Авесто- 2010», ҶСП «Кабоол-Тоҷик- Текстайлз» ва Корхонаи давлатии «Пӯст»-и ноҳияи Данғара, ки муддати тӯлонӣ бо сабабҳои гуногун аз фаъолияти истеҳсолӣ бозмонда буданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз намуда, 474 ҷойи кори қаблии онҳо азнав барқарор гардид.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






