Баррасии масоили асосноккунии техникию иқтисодии роҳҳо
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини вазир Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони филиали ширкати роҳи оҳани «Утсзюй»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои асосноккунии техникию иқтисодии роҳҳои дохилии шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб, ки дар оянда бояд таъмиру таҷдид шаванд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки мутахассисони хитоӣ дар муддати сафарашон корҳои омӯзишии роҳҳои дохилиро дар шаҳрҳои мазкур ба анҷом расонанд ва пас аз пешниҳоди асосноккунии техникию иқтисодии он ҷиҳати идомаи корҳо дар ин самт иқдом хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






