Боз 5 нафар қурбони садама
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-18 октябри соли равон соати 12.40 дар ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи ронанда Сангов Ҷаъфари 39 сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ҳамадони аз ўҳдаи идораи воситаи наклиёт набаромада, ба монеъаи муҳофизатии роҳ бар мехурад, ки дар натиҷа худи ронанда бо ду нафар мусофир Ватанов Абдураҳими 75 сола ва Кокулова Одинамоҳи 52 сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд. Ҳамчунин 21 октябр соати 09.00 дар ноҳияи Файзобод ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Каримзода Муҳаммади 21 сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ронандааш Сангов Раҳматуллои 24 сола бар мехурад, ки дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Каримов Меҳриддини 20 сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад. Аз 14 то 21 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳўри 23 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 5 нафар ба ҳалокат расида 27 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати Корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






