Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори ноҳияи Ҳисор

Октябрь 7, 2012 19:48

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»). —  Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба боғу токзор ва заминҳои полезии лалмии қисмати кӯҳистони ноҳияи Ҳисор ташриф оварда,дар ҷамъоварии ҳосили фаровони заҳмати деҳқонону боғпарварон бевосита иштирок намуд.Тавре аён мегардад, рушди боғутокпарварӣ, ки аз бахшҳои сердаромади соҳаи кишоварзии кишвар мебошад, таҳти назорати доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.Ин аст, ки бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи боғутокпарварӣ барномаи мақсадноки давлатӣ барои солҳои 2007-2010 қабул шуда буд ва тибқи он дар зарфи 4 сол бояд дар майдони 5680 га боғу токзори нав бунёд ёфта, наздики 2700 га боғу токзори кӯҳна барқарор карда мешуд.Ба туфайли ҳавасмандгардонии мудоми боғпарварон, ки ба таври шоиста бевосита аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, тибқи нишондодҳои оморӣ, ин барномаи чорсола дар се сол барзиёд иҷро шуд.Аз ин хотир моҳи августи соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи нави боғутокпарварӣ қабул карда шуд, ки тибқи он дар солҳои 2010-2014 бояд дар майдони 50 ҳазор га боғу токзори нав бунёд карда шавад.Тавре аз иттилооти масъулини соҳа бармеояд, дар солҳои 2010-у 2011 ва 8 моҳи соли 2012 дар майдони зиёда аз 36600 га боғу токзори нав бунёд ёфтааст, ки 5040 га аз нақшаи иҷрои фармони мазкур дар ин муддат зиёд буда, баробар ба 115,8% он мебошад.Танҳо дар ин боғу токзори лалмии қисмати кӯҳистони ноҳияи Ҳисор, ки бо супоришу ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст, зиёда аз 5 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор, маоши хуб ва ҳамчунин бо меваи хушлаззату ҳезум таъмин мегарданд. Тавре зикр гардид, аҳолии деҳоти атроф қаблан дар ин заминҳо гандуми лалмӣ кишт карда, ҳосили ночиз мегирифтаанд. Ҳоло бошад, даромаднокии онҳо аз боғу токзор даҳҳо маротиб афзудааст.Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло аз ин боғу токзор ҳамарӯза даҳҳо тонна ангӯр, себу нок ва тарбӯзу харбӯзаи лалмӣ ба бозори дохилӣ ва ҳам хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон ба фурӯш бароварда мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 7, 2012 19:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд