Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сухтор дар ҷазираи Гомер Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Чанд рӯз аст, ки дар ҷазираи Гомери Испания кормандони мақомоти полис сокинони маҳаллиро вобаста ба ҳодисаи сар задани оташ дар ҷангалзор мавриди пурсиш қарор медиҳанд. То ҳол маълум нашудааст, ки ин амал аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад содир шудааст. Давоми 12 шабонарўз дар ин ҷо ҳодисаи сўхтори бешазор идома дорад ва қисми зиёди ҷазира дар иҳотаи оташ қарор гирифтааст. Ба гуфти расонаҳои хабарии кишвар дар пайи ҳодисаи мазкур ҳазорҳо нафар тарки манзил карда, то ҳол имкони ба хонаҳои худ баргаштанро надоранд.Кормандони Хадамоти оташнишонӣ то ҳол алангаи оташро хомӯш карда наметавонанд ва барои кӯмак тамоми хадамоти оташнишонии ҷумҳуриро даъват намудаанд. Буҳрони қарзии кишварҳои Аврупо Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»). -Буҳрони қарзии кишварҳои Аврупо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин низ таъсири манфӣ расонидааст. Аз рўи маълумоти мутахассисони соҳаи иқтисодӣ ва намояндагони Вазорати савдо ва саноати Ҷумҳурии мардуми Чин аз буҳрони қарзии Аврупо бештар соҳаи содироти молу маҳсулоти кишвар зарар мебинад. Мутахассисон ва ҳукуматдорони Чин кўшиш доранд, ки соли равон иқтисодиёти мамлакатро даҳ дарсад афзоиш диҳанд. Вале аз аввали соли равон баъзе соҳаҳо ба мушкилоти зиёд дучор омаданд. Мувофиқи маълумоти сардори раёсати савдо ва саноати Ҷумҳурии мардумии Чин танҳо дар моҳи июл содироти молу маҳсулот аз Чин ба Иттиҳоди Аврупо 16,2 дарсадро ташкил мекунад. Дар давоми 7 моҳи охир вуруди сармояи хориҷӣ аз Аврупо ба Чин 2,7 дарсад поён рафта, ҳисоби маблағи он 4 миллиард долларро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол ҳукуматдорони кишвар мехоҳанд, ки дар пайи буҳрони шадиди молӣ дар нимсолаи дуюми сол низ вазъи иқтисодии Чинро беҳтар созанд. Арзиши саҳмияҳои Фейсбук Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»). Ба арзиши саҳмияҳои «Фейсбук» боз як зарба зада шуд. Рўзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта он зиёда аз 7 дарсади қурбашро гум карда, аз 20 доллар ҳам поёнтар фаромад. Ба гуфти мутахассисони ин соҳа чунин ҳодиса баъди ба итмом расидани мавсими маҳдудкуниҳои шартномабандӣ бо коғазҳои қимматнок ба амал омадааст. Қаблан сармоягузорон ва кормандони ширкати мазкур имконияти ба фурўши озод баровардани саҳмияҳоро пайдо карда буданд. Вале баъзеҳо бидуни андеша зуд аз ин гуна саҳмияҳо халос шуданд. Ширкати мазкур ҳамин тариқ аз моҳи майи соли равон аввалин ҷойгиркунии саҳмияҳояшро дар биржаи «Наздак» ташкил карда буд. Ба ақидаи таҳлилгарон, шумораи зиёди сармоягузороне, ки коғазҳои қиматноки «Фейсбук»-ро то замони дар биржа ҷойгир карданашон харидорӣ намуда буданд, феълан манфиат нахоҳанд дид. Гузориши семоҳаи дуюм низ танҳо аз 157 миллион доллар зарар дидани «Фейсбук» хабар медиҳад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






