Чойхонаи миллӣ- тӯҳфаи 20-солагии иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз Муассисаи давлатии Қасри фарҳанги Арбоб ва сохтмони чойхонаи миллӣ , ки ба муносибати 20-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, боздид намуд.Таъмиру тармими Қасри Арбоби овозадор бо маблагузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ шуда, алҳол марҳилаи охирини корҳо дар ин иншоот идома дорад. Дар худи бинои асосии қаср корҳои бозсозӣ ба итмом расида, таҷҳизи осорхона ва омодагӣ ба қабули меҳмонон ҷараён дорад. Ҳамзамон маҷмааи фаввораҳо барқарор гардида, роҳравҳои саҳни қаср сафолакбандӣ, нишастгоҳҳо насб ва майдонҳои миёни роҳравҳо сабзу гулзор шудаанд.Дар чойхонаи миллӣ ҳам корҳои сохтмонӣ давом мекунанд. Ин ҷо бомпӯшкунии чойхона, ҳамчунин корҳои кандакорӣ ва гаҷкорӣ, пардоз ва ободонии толорҳои асосӣ ва ёрирасон сурат мегиранд. Алҳол дар ин иншоот беш аз 470 нафар бинокор дар басти рӯзона ва 150 нафар дар басти шабона кор мекунанд.Раиси вилоят Қоҳир Расулзода нисбат ба ташкили самараноки кор ба масъулин дастурҳо дод, ки аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, дар муҳлати муайянгашта корҳои сохтмониро ба сомон расонанд.Қасри Арбоб дар арафаи ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихӣ мавриди истифода қарор мегирад.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






