Дар 10 соли охир 5,3 миллиард сомонӣ барои бунёдкорӣ дар Суғд

Октябрь 27, 2012 19:58

Истаравшан, 27 октябр. (Афшини Муқим, Дилшодаи Хайруллоҳ)- Бегоҳии имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баистифодадиҳии варзишгоҳи таҷдидшудаи шаҳри Истаравшан иштирок ва суханронӣ намуда, варзишгоҳи мазкурро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва дар тантанаҳои бошукӯҳи идона, ки бахшида ба анҷоми пурраи навсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанак ва дар доираи ҳамин лоиҳа сохта ба истифода дода шудани нақби «Шаҳристон» омода шуда буданд, ширкат кард. Гуфта шуд, ҷиҳати таҷдиди ин варзишгоҳ беш аз 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷудо гардида, он дорои 18 ҳазор ҷойи нишаст шудааст. Акнун, мардуми шаҳри Истаравшан метавонанд бо истифода аз имконоти варзишгоҳи мазкур ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи варзиш ва оммавигардонии он, ҳамчунин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим беш аз пеш саъю талош намуда, бахусус дар роҳи тарбияи дурусти ҷавонон ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зикр кард, ки дар даҳ соли охир дар вилояти Суғд барои бунёду азнавсозии иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 5,3 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ гардидааст ва ҳамоно ин иқдомот идома хоҳанд ёфт. Ҳамчунин, Сарвари давлат аз корҳои азнавсозӣ дар роҳҳои мошингарди Шоҳон — Зиғар, Кӯлоб — Қалъаи Хумб, Душанбе -Турсунзода, Айнӣ — Панҷакент ва сохтмони нақби «Чормағзак» ёдовар шуда, таъкид дошт, ки мо, мардуми тамаддунсоз ва меҳнатқарину сарбаланди тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар, пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва бо азму талоши созандаи хеш Ватани маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидем ва дар ин асос заминаи мусоидро барои рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ фароҳам овардем. Гуфтанист, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷдиди варзишгоҳи шаҳри Истаравшан ҳанӯз моҳи августи соли гузашта дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва сохтору мақомоти дахлдор дастур дода буд.

Октябрь 27, 2012 19:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад