Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам…

Октябрь 25, 2012 10:16

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Ду нафар зоири пиёдаи тоҷик, ки барои расидан ба ҳадафи ниҳоии хеш беш аз шаш моҳ боз дар сафаранд, ба мавзеъи Мино расиданд. Дар он ҷо мусофирони гиромиқадрро намояндаҳои ситоди ҳаҷи Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар зоирини тоҷик пешвоз гирифтанд.Ҳангоми суҳбат чеҳраи Абдулазиз Раҷабов ва ҳамроҳаш, ки тӯли ин муддат бо ӯ ҳамсафар буд, аз дидани парчами Тоҷикистон ва зоирони тоҷик болида гардид. Бо шунидани алфози модарӣ мондагӣ ва хастагӣ аз онҳо дур мегашт. «Шукри Тоҷикистон, шукри давлату миллат ва муҳим аз ҳама шукри истиқлолияти ватанамон, ки ба мо чунин имконият фароҳам омад. Гузаштагони мо солиёни дароз дар орзуи зиёрати хонаи Худо дунёро падруд гуфтанд. Сад шукр,ки чунин имконият имрӯз дар даврони истиқлолият барои мо фароҳам аст. Вақте ки мо парчами Тоҷикистонро болафшон дидем, хастагии роҳ моро тарк кард. Чунон, ки мо шоҳид гаштем, шароити будубоши ҳоҷиёни Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя хеле хуб аст. Ҳар як зоири тоҷик дар чунин шароите, ки барои онҳо омода шудааст, бояд аз Худованди муттаол шукргузорӣ намояд», -изҳор дошт Абдулазиз Раҷабов. Бештари маврид суханони ӯ аз меҳри ватан ва ватандорӣ садо медод ва аз хастагии роҳ ҳарфе ба забон намеёвард. Ба гуфтаи зоири пиёдаи тоҷик Абдулазиз Раҷабов ба ҳар кишваре, ки ворид мешудем, парчами Тоҷикистон ва сурати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мо шиноснома ва муаррифгари кишвари сулҳофари мо маҳсуб меёфт. Аз он, ки як теъдод ҳамроҳонаш аз идомаи сафар худдорӣ намуданд, изҳори норизоӣ накарда, баръакси ҳол, баъд аз он ки саломат ба ватан баргаштанд, худро сабук ҳис кардааст. Ба суоли оё баъд аз адои ҳаҷ ба ватан пиёда бармегардад ва ё не?- Абдулазиз Раҷабов изҳор намуд, ки ният дорад бо роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон баргардад. Дар идомаи суҳбат мавсуф ба ҳамаи он нафароне, ки ба онҳо кӯмак намудаанд изҳори миннатдорӣ намуд. «Ман бори дигар ба Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи он касоне, ки ба мо кӯмак карданд, изҳори сипос менамоям», афзуд Абдулазиз Раҷабов. Бояд зикр намуд, ки охири моҳи майи соли ҷорӣ 8 нафар сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бо ҳадафи зиёрати маконҳои таърихӣ ва муқаддас, инчунин хонаи Худо озими сафар шуданд. Онҳо пои пиёда қаламрави Афғонистону Эронро гузашта, дар марзҳои Афғонистону Эрон бо сабабҳои гуногун ду нафари онҳо аз роҳ бозгаштанд. Чор нафари дигар аз Эрон аз тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ парвоз карданд.Танҳо Абдулазиз Раҷабов, раҳбалади ин гуруҳ ва ҳамроҳаш роҳи худро давом доданд. Дар айни ҳол онҳо дар минтақаи Мино қарор доранд ва имрӯз нуҳуми зулҳиҷҷа баробар ба 25 моҳи октябр ҳамроҳ бо зоирини тоҷик ба мавзеъи Арафот ҳаракат мекунанд.

Октябрь 25, 2012 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад