Эмомалӣ Раҳмон ва Сюзен Мари ЭЛЛИОТ: «Ҳамкориҳоро вусъат бояд дод!»
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири навинтихоби фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзен Мари ЭЛЛИОТ эътимоднома қабул намуд. Дар ҳошияи қабули эътимоднома Эмомалӣ Раҳмон ва Сюзен Мари ЭЛЛИОТ масоили ҳамкориҳои муштарак ва ба ҳар ду ҷониб судманди Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ намуданд. Дар ин дидор аз сатҳи ҳамкориҳои кунунии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар самту арсаҳои гуногун бояд аз заминаҳои мавҷуда истифода шавад. Сюзен Мари ЭЛЛИОТ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт : «Мо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хулосае расидем, ки бояд ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар бахшҳои авлавиятноки ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи амният, маориф ва фарҳанг тақвият дода шавад».








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






