Форуми байналмилалии иқтисодӣ
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). – Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 11 ва 12 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд форуми дуюми байналмилалии иқтисодии «Нерӯи сармоягузории вилояти Суғд» — ро роҳандозӣ мекунад. Назар ба хабари сомонаи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», форум имконияти нодире барои барқарор намудани равобити бисёрҷониба бо аҳли тиҷорат ва доираҳои илмии кишварҳои мухталиф, шиносоӣ бо имкониятҳои Тоҷикистон ва вилояти Суғд, ҳамчунин муҳокимаи масоили ҳамкории минбаъда, ҷалби сармоя ва мубодилаи таҷриба маҳсуб меёбад. Дар кори форум намояндагони ниҳодҳои молиявӣ, созмонҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ, аҳли тиҷорати хориҷӣ ва кишвар, палатаҳои савдо ва саноати мамлакатҳои хориҷи дур ва наздик иштирок хоҳанд кард.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






