Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ

Октябрь 10, 2012 09:07

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-августи соли 2012 ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ аз тарафи ҳамаи соҳаҳои хизматгузор — (хизмати маишӣ, мусофиркашонӣ, алоқа, хизмати коммуналӣ, тиб, маориф ва дигар хизматгузорон) 5 млрд. 643,1 млн.сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, дар бахши давлатии хизматрасонӣ дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба аҳолӣ беш аз 818 млн. сомонӣ ва дар бахши ғайридавлатӣ ба андозаи 4 млрд. 815 млн. сомонӣ хизмат расонида шудааст. Дар ин давра ташкилоту корхонаҳои расман ба қайд гирифташуда ба аҳолӣ ба маблағи 2 млрд. 678 млн. сомонӣ хизмати пулакӣ расонидаанд, ки он 47,5 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил додааст.Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ шаҳри Душанбе аз ҷиҳати ҳаҷми хизматрасонӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба дигар минтақаҳо афзалияти бештар дорад.Агар дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар ВМКБ дар ҳаҷми 36 млн. 387,8 ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ хизмати пулакӣ расонида шуда бошад, он дар вилояти Суғд 1 млрд. 568 млн. 586,7 ҳазор сомонӣ, Хатлон -915 млн. 515,2 ҳазор сомонӣ, шаҳри Душанбе 2 млрд. 296 млн. 874,2 ҳазор сомонӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 816 млн.747,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар нафар аҳолӣ дар ВМКБ 173,9 сомонӣ, дар вилояти Суғд – 675, Хатлон -328, шаҳри Душанбе – 3059 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 453 сомонӣ рост меояд.

Октябрь 10, 2012 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд