Хоҷагиҳои фиребгар
Фархор, 1 октябр. ( АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бино ба иттилои директори тиҷоратии ҶДММ «Зиёратшоҳ»-и ноҳияи Фархор Тоҳир Каримов зиёда аз 300 хоҷагии деҳқонии хурд аз соли гузашта то ин ҷониб ба корхона шартнома дошта, мутаассифона, мувофиқи шартнома амал накарданд. Хоҷагиҳои бо корхона шартнома дошта дар ҳолати ба сӯзишворӣ, хизматрасонии техникӣ, дорухои минералӣ ва дигар маводи лозимӣ зарурат доштан аз корхона 250 000 доллари ИМА мувофиқи шартнома маблағ гирифта, аммо дар давраи ҷамъоварии ҳосил ашёи хоми худро ба хотири тағйири нарх ба дигар корхонаҳо мефурӯшанд. Барои риоя накардани шартномаи тарафайн масъулини корхона тасмим гирифтаанд, то чунин хоҷагиҳои фиребгареро, ки аз корхона қарздор мебошанд ва то охири мавсим маблағҳои қарзиро ворид намесозанд, ба суди иқтисодӣ диҳанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






