Хобгоҳ барои муаллимон
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», лаззат Диловарзод).- «Замон худ тарафдори соҳибилму маърифат будани насли нави давлати соҳибистиқлол аст. Солҳои охир аксари падару модарон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои дилгармии муаллимон ба мактабу маориф бештар аҳамият медодагӣ шуданд»,-иброз дошт сокини деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт Акбари саркор, ки беш аз 10 сол роҳбари хоҷагии деҳқонии «Кӯҳсори аҷам» аст.Ба гуфти Акбари саркор, бо ташаббуси аҳолии деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт барои муаллимон ҷавоне, ки тавассути роҳхати Вазорати маориф ба ин деҳоти дурдасти кӯҳистон ба кор фиристода мешаванд бо хобгоҳи умумӣ таъмин мегарданд. Аҳолии деҳаи Ҷафр бо ташаббуси худ аз ҳисоби кам кардани хароҷоти тӯю дигар маъракаю маросимҳо маблағ ҷамъ оварда, онро ба соҳаи маориф сарф менамояд. Сокинони деҳа зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ маблағи ҷамъовардаашонро барои сохтмони хобгоҳ иборат аз 4 хона ба нақша гирифтанд. Хобгоҳ аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ бо тариқи ҳашар то рӯзи ҷашни иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ сохта, ба муаллимони ҷавони ба ин деҳа ба кор омада дода хоҳад шуд. Хеле хуб мешуд, агар ин ташаббуси раштиҳо ҳамовозии умумиҷумҳуриявӣ пайдо намояд ва муаллимони ҷавон бо хобгоҳҳои нави замонавӣ таъмин шаванд ва сифати таълим беҳбуд ёбад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






