Иди китоби кӯдакон дар Бадахшон

Октябрь 15, 2012 13:32

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Ҳафтаи гузашта дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо иштироки хонандагони мактабҳои миёнаву олии вилоят Иди китоб барои бачагон баргузор шуд.Иди мазкур дар чаҳорчӯби ҷашни 60-солагии маҷаллаи кӯдакон ва ҷавонони кишвар – «Истиқбол» (то соли 1994 «Машъал») тибқи нақшаи Вазорати фарҳанги мамлакат доир гашт. Тайи як ҳафта адибону муаллифони маҷаллаи мазкур Ато Мирхоҷа, Ворис, Султони Ҳамад, Мавҷудаи Соҳибназар ва Бузургмеҳри Баҳодур таҳти роҳбарии Латофат Кенҷаева – сармуҳаррири маҷаллаи «Истиқбол» дар мактабҳои ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ бо хонандагон вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо 1300 нусха китоби тозанашри бачагонаро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ройгон тақсим намуданд.

Октябрь 15, 2012 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд