Ифтитоҳи филиалҳои нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ба ифтихори ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» тасмим гирифтааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат филиалҳои нави худро таъсис ва хизматрасониҳои муосири бонкиро ба мардум дастрастар намояд. Дар доираи ин иқдом дар ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ филиали «Тоҷиксодиротбонк» расман ифтитоҳ гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ доданд, ки дар маросими ифтитоҳи бинои филиал раиси бонк Тоҷидин Пиров иброз намуд, ки таъсиси филиал ва муҳайё гардидани шароити хуби меҳнат кормандонро водор менамояд, ки бо нерӯи дучанд фаъолият намуда, дар пешрафии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Бинои филиал барҳаво буда, тибқи талаботи муосир бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти техникиву идорӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Чунин шароити фаъолияти бонкӣ дар бинои филиали навтаъсиси бонк дар , кӯчаи Ҷомии ноҳияи Сино низ фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо барои бо сифати баланд иҷро намудани дархостҳои мизоҷон имкониятҳои васеъ ва мутахассисони болаёқат интихоб гардидаанд. Ҳамаи биноҳои филиалҳои навтаъсис, хусусан бинои филиали нави бонк дар кӯчаи Қаҳҳоров, 75 ноҳияи Фирдавсӣ тибқи тамғаи ягонаи «Тоҷиксодиротбонк» оро дода шуда, бо таҷҳизоти навтарини бонкӣ, аз ҷумла банкомат таъмин гардидаанд. Дар маҳаллаи 91-уми пойтахт, дар кӯчаи Алишер Навоии ноҳияи Сино низ филиали нави «Тоҷиксодиротбонк» дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз намуд. Бо ифтитоҳи филиал 32 нафар мутахассис соҳиби ҷойи нави кор хоҳад шуд. Ин нишондиҳанда дар чор филиали навтаъсис 108 ададро ташкил медиҳад. Дар филиалҳои нави бонк маҷмӯи васеи хизматрасониҳои бонкӣ, аз қабили пешниҳоди қарзҳо, ҷалби амонат, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ, интиқоли маблағ, хизматрасонии кортҳои пардохтӣ ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Филиали мазкур 15-умин филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар пойтахт ва 70-умин филиал дар миқёси ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Роҳбарияти бонк тасмим гирифтааст, ки доираи фарогирии мардумро бо таъсиси филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат торафт васеътар намояд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд






