Имзои ёддошт

Октябрь 5, 2012 13:38

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ва раиси Шӯрои соҳибкорону ассотсиатсияҳои танзимотӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Зайд Саидов Ёддошти ҳусни тафоҳумро имзо намуданд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин санад самтҳои асосии кор ба манзури дастгирии манфиатҳои тиҷорати миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди маблағгузорӣ, ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани кор барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва роҳандозӣ намудани равобити тоҷирон бо намояндагиҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои хориҷи наздик ва дур муайян карда шуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дастгирии ҳуқуқию иҷтимоии соҳибкорӣ, таҳияи тавсияҳо бобати таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо василаи ҷалби технологияҳо ва таҷҳизоти муосир ба иқтисодиёт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Октябрь 5, 2012 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст