Иштирок дар ифтитоҳи корхонаи хурди заргарӣ бо номи «Зари Тоҷик»

Октябрь 28, 2012 18:44

Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳраки Консой бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи хурди заргарӣ бо номи «Зари Тоҷик» ифтитоҳ ёфт.Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона ҳам бо саҳмгузорӣ ва дастгирии ширкати муштараки Апрелевка аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 40 нафар заргарон, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд. Маоши онҳо вобаста ба сатҳи касбият, сифат ва ҳаҷми корашон аз 500 то 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металҳою сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам талаботи зиёд дар бозори дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки заминаи истеҳсоли маҳсулоти заргариро зиёд намуда, дар давоми 8 моҳи оянда шумораи коргаронро ба 200 нафар расонанд.Дар паҳлӯи корхонаи «Зари тоҷик», ҳамчунин як коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 дӯзандаи маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шудаанд.Тавре аён гардид, дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни корӣ, низомӣ, хилъатҳои кормандони соҳаи тиб ва озмоишгоҳҳои илмию амалӣ, болопӯши ҷойхоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти коргоҳ азм доранд, ки дӯхти либоси мактаббачагонро низ ба роҳ монда, ин бозори сердаромадро ба даст дароранд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки маоши коргаронро аз 1 ноябри соли равон 20% зиёд намоянд.Дар саҳни ҳавлии ин корхонаҳо аз ҷониби роҳбарияти корхонаи Апрелевка тӯйи арӯсии ду ҷуфт навҷавонони хуштолеъ ва хатнасури 15 писарча аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ, ки ин иқдоми хайрхоҳонаи Сарвари давлатро пайваста дастгирӣ менамоянд, арзи сипосу қадрдонӣ кард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд

Октябрь 28, 2012 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд