Иштироки Э.Раҳмон дар ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ

Октябрь 30, 2012 13:57

Душанбе, 30 октябр (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, мактаби замонавии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин деҳаи дурдасти кӯҳистони Зарафшон бо шукгузорӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.Барои иштирок дар ин маросими тантанавӣ ва мулоқот бо Президенти кишвар дар ин ҷо роҳбарону фаъолони ноҳия, намояндагони сершумори кормандони соҳаи маориф ва мардуми ин деҳа ҷамъ омада буданд.Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла зикр гардид, ки ин бино бо маблағи қариб 4 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети кишвар барои 640 хонанда дар ду баст бунёд гардида, дорои 25 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла ду синфхонаи компютерии пайваст ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва озмоишгоҳҳои фаннии физика, кимиё, биология ва технологияи ҳунаромӯзӣ мебошад.Зимнан иттилоъ дода шуд, ки барномаи компютерикунонии мактабҳо дар ноҳияи Айнӣ пурра иҷро гардида, 53 синфхона бо 430 компютеру 90 принтер муҷаҳҳаз шудааст.Мактаби нави деҳаи Сангистон, ҳамчунин дорои толори калону барҳавои варзишӣ мебошад, ки боиси шодию нишоти на танҳо мактаббачагон, балки ҳамаи дӯстдорони варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар ин деҳа гардидааст.Сарвари давлат Эмоалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар назди мактаб, ҳамчунин ошхонаи зебою муҷаҳҳаз ва толори хуби маҷлисӣ бунёд намоянд.Умуман, ифтитоҳи чунин бинои зебою замонавии мактаб, ки аз 2 ошёна ва шароити хуби таълиму тарбияи насли наврас иборат аст, боиси хушнудӣ ва сипосгузории кулли мардуми деҳа гардид, зеро мактаби пешинаи ин ҷо ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, солҳои охир хеле фарсуда шуда буд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳли маорифи ноҳияи Айнӣ, мардуми деҳаи Сангистон ва мактаббачагони онро бо ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат табрику таҳният гуфта, онро тӯҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид ва ба меъморону бинокорони мактаб арзи сипос кард.Изҳори боварӣ карда шуд, ки насли навраси деҳаи Сангистон аз шароити хуби мактаби нав истифода карда, барои аз худ намудани илму техникаи муосир ва касбу ҳунари зарурӣ ҷаҳду талош меварзанд ва оянда дар таъмини пешрафту шукуфоии мулки бобоӣ ва умуман Тоҷикистони азиз саҳгузор мешаванд.Зимни маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух, ки дар охири ҷамъомад сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ доир ба вусъати бештари корҳои ободонию созандагӣ, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 30, 2012 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд