Кишоварзони аштӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд
Душанбе, 12 октябр, (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Тибқи итттилои Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, соли равон деҳқонони ноҳияи Ашт 8 ҳазору 703 тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,3%-и нақшаро ташкил медиҳад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, аз аввали мавсим кишоварзони вилояти Суғд 94 ҳазору 718 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 84,1%-и нақша баробар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта деҳқонони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 97 ҳазору 683 тонна пахта ҷамъоварӣ карда буданд, ки 93%-и нақшаро ташкил медод. Соли равон дар вилояти Суғд дар майдони 61 ҳазору 172 гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии 112,5 ҳазор тонна ҳосил ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо ноҳияҳои Сптамен, Конибодом ва Ашти вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи пахта хабар дода, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов (86,9%) ва Мастчоҳ (78,4%) дар арафаи анҷомдиҳии нақша қарор доранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






