Маҳфили адабӣ бахшида ба эҷодиёти Мӯъмин Қаноат
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 80 – солагии устоди барҷастаи каломи бадеъ, яке аз саромадҳои адабиёти шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат маҳфили адабӣ баргузор гардид.Дар толор шоирон, нависандагон, ҳунарпешагон, олимон, тарҷумонҳо, мактабиён, зиёиён ва пайвандони соҳибҷашн ҳузур доштанд. Адабиётшинос, доктори илмҳои филолгия Абдураҳмон Абдуманнонов перомуни эҷодиёти шоири номӣ сухан кард. Сипас шоира Гулрухсор, ҳунарпешагон Ортиқи Қодир, Акбар Мирраҷабов, академик Акбар Турсон, шоир — тарҷумони назми классикии тоҷик Михаил Синелников ва бисёр дигарон эҷодиёти шоири барҷастаи тоҷикро васф карда, порчаҳоро аз ашъори ӯ қироат намуданд.Хотирнишон месозем, ки 28 июни соли ҷорӣ дар Хонаи миллатҳои шаҳри Маскав бахшида ба зодрӯзи Мӯъмин Қаноат маҳфили адабӣ баргузор шуда буд. 20 май зодрӯзи шоири маҳбуб буда, 80 — солагии ӯ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар ҳам таҷлил гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






