Машварати роҳбарони мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқ дар Маскав
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар шаҳри Маскав машварати XI-уми роҳбарони хадамоти махсус, мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ — шарикони Русия доир гардид.Дар давоми ду рӯз иштирокдорон дар бораи таҷриба ва шеваҳои коргирии худ дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ табодули назар карданд.Зимни баррасии масоили вобаста ба зуҳури терроризм ва мубориза бар зидди он, афзоиши амалҳои террористӣ дар миқёси ҷаҳон, мутобиқшавии террористон ба шароити гуногуну тағйирпазир ва паҳлуҳои ҷудогонаи мавзуъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.Иштироккунандагон бо назардошти аҳамияти тамосу ҳамоҳангҳои лозимӣ дар раванди мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти фарогир, омодагии худро ба ҳамкории беш аз пеш наздику самарабахш таъкид намуданд.Дар чорабинӣ ҳайати 66 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 созмони байналмилалӣ ширкат варзиданд.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






