Муҳокимаи масъалаи қочоқи маводи ҳастаӣ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Бо дастгирии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва барномаи он дар мавриди муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ 9 ва 10 октябр дар шаҳри Душанбе семинар баргузор гардида, дар он тартиби амалкунандаи дастгир кардани маводи ядроӣ ва радиоактивии дар гардиши ғайриқонунӣ қарордошта таҳлил карда мешавад. Семинар дар ҳошияи Дурнамои чорабинии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мешавад. Семинар на фақат имконияти муқобилат ба чунин ҳодисаҳоро таҳким мебахшад, балки роҳҳои такмили таҷзияи ҳастаии судӣ дар ҷумҳуриро низ муайян намуда, ҳамчунин ба мутахассисони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо принсипҳои асосии кори гурӯҳҳои муқобилат ба қочоқи маводи ҳастаӣ шинос шаванд.Дар ин бора аз Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






