Муҳокимаи масоили саломатии рӯҳӣ

Октябрь 17, 2012 15:21

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих) – Имрӯз, 17 октябр, дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон 10 октябр таҷлил мешавад, мулоқот бо ҳамтоён, журналистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар бахши таҳкими саломатии рӯҳӣ баргузор гардид. Дар мулоқот муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов, роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон доктор Павел Урсу, сармутахассиси бахши бемориҳои рӯҳии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Қунғуротов иштирок намуданд.Соҳибназар Раҳмонов зимни суханрониаш зикр намуд, ки имсол Рӯзи умумиҷаҳонии саломатии рӯҳӣ таҳти шиори «Рафъи бемориҳои рӯҳӣ» қайд карда мешавад. Алҳол дар Тоҷикистон 43 ҳазору 928 нафар беморони рӯҳӣ мавҷуданд, ки дар дармонгоҳи махсуси рӯҳӣ муолиҷа мешаванд.Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин наворе аз рӯи масъалаи саломатии рӯҳӣ ва ҷалби маблағҳо барои ҷилавгирии ин беморӣ намоиш дода шуд.

Октябрь 17, 2012 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад