Муҳокимаи масоили ёрӣ ба муҳоҷирон

Октябрь 17, 2012 11:47

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Намояндагии минтақавии ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар якҷоя бо Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав мизи мудаввар дар мавзӯи «Самараи ёрӣ ба муҳоҷирон: мақому манзалати ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» — ро доир намуд. Дар ҷаласаи мизи мудаввар намояндагони ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин вакилони Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок доштанд.Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, иштирокдорони ин чорабинӣ зимни суханрониашон зикр намуданд, ки тайи якчанд соли охир дар амри расонидани ёрӣ ба муҳоҷирон таҷрибаи зиёде андӯхта шудааст.Дар анҷоми мулоқот иштирокдорони он зикр намуданд, ки бояд саъю кӯшишҳо ҷиҳати дастгирии иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирон, ҳамчунин расонидани кӯмак барои пайдо ва барқарор намудани равобити оилавии онҳо танзим карда шавад.

Октябрь 17, 2012 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад