Мулоқоти Э.Раҳмон бо Раиси Парлумони Финландия Э.Ҳейнялуома
Душанбе, 24 октябр (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Финландия Ээро Ҳейнялуома мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуд.Таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи ғании парламентаризми Финландия ва татбиқи амалии дастовардҳои ибратбахши он дар Тоҷикистон амри судманд хоҳад буд.Ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки барои барпо намудани робитаи доимии судбахш аз ҳисоби вакилони мардумӣ гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Финландия таъсис медиҳанд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба таҳкими робитаҳо бо парлумони Иттиҳоди Аврупо ва муассисаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






