Мулоқоти Э.Раҳмон бо Ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон П.Яааскелайнен
Душанбе, 24 октябр (АМИТ «Ховар»).- Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Ҳелсинки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскелайнен мулоқот намуд.Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти институти ваколатдори Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки тайи собиқаи кӯтоҳи он, яъне аз соли 2009 ба ин сӯй, барои кори пурсамари ин муассиса заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё гардидааст.Таъкид гардид, ки таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз самтҳои афзали ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст.Хотиррасон карда шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2350 созмони ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ, зиёда аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла 74 иттиҳодияи ғайриисломӣ, 8 ҳизби сиёсӣ, 400 рӯзномаю маҷалла (250-тоаш хусусӣ) ва 44 шабакаи радиотелевизионӣ, ки 28-тоаш ғайриҳукуматӣ аст, озодона фаъолият мекунанд.Аз ҳамкории босамар дар чаҳорчӯби барномаи 30-моҳаи Вазорати корҳои хориҷии Финландия – «Баробарӣ дар назди қонун: дастрасӣ ба адолати судӣ дар Осиёи Марказӣ» ва дигар робитаҳои ду икшвар дар ин самт изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






