Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ
Душанбе, 17 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом дод.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодагӣ ва созмондиҳии хуби ҳамоиши «Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ» ва ба иқдоми Амири Давлати Кувайт доир ба ҷудо намудани 2 миллиард доллари амрикоӣ барои кишварҳои рӯ ба рушди Осиё баҳои баланд дод.Бо ишора ба заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни Тоҷикистону Кувайт, ҳанӯз аз соли 1995 мавҷуд аст, изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди мулоқоти имрӯза ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар такон меёбад.Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз дар самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ намуд.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки байналмилалӣ гуфтугӯ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






