Мусодираи 85 килограм ҳашиш
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти махсус дар ҳудуди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон 85 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддир, маводи зикршударо аз Афғонистон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бурданӣ буданд.Мувофиқи суханони манбаъ шаҳрванди 52 – солаи Тоҷикистон, ки ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар шуда буд, дастгир шуда, аз мошини ӯ 85 килограмм ҳашиш пайдо гардид. Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






