Нақши иҷлосияи сарнавиштсоз дар таҳкими давлатдорӣ
Душанбе, 25 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Дар тўли 20 соли баъд аз иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ дар кишвар ба тадриҷ беш аз 340 қонуни мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.Ин матлаб зимни баргузории мизи мудаввар , ки дар мавзўи «Нақши таърихии иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон ва рушди қонунгузорӣ» дар Душанбе баргузор шуд, зикр гардид. Чорабинӣ бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд ва дар кори он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ширкат доштанд. Маҳмад Раҳимов –директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар доир ба нақши иҷлосияи XVI –уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи минбаъдаи қонунгузорӣ дар кишвар ибрози назар кард. Зикр шуд, ки баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки дар аввали солҳои навадум ба миён омад, барои инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва танзими самараноки ҳуқуқии он имконият намедод. Бесарусомониҳо дар дохили кишвар боиси амал накардани меъёрҳои қонунгузорӣ ва фалаҷ гардидани фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, инчунин фарогирии буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ гардид. Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, дар рушди давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим бозид ва дар роҳи бо тарзи конститутсионӣ ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа мусоидат намуд. Иҷлосия ба давраи нави фаъолияти қонунгузории кишварамон ибтидо гузошт ва он марҳилаи наверо дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз намуд.Иштирокдорони мизи мудаввар ҳамзамон доир ба нақши иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ва мақоми он дар рушди қонунгузории авф, таъмини истиқлолияти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ табодули назар карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






