Натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Финландия

Октябрь 24, 2012 13:08

Душанбе, 24 октябр (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финландия бо мулоқоту музокирот бо Президенти ин кишвар Нийнистё САУЛИ идома ёфт.Мулоқоти роҳбарони сатҳи олии ду кишвар бо маросими истиқболи расмӣ оғоз ёфт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар назди қасри Президент Сарвари давлати Финландия Нийнистё Саули истиқбол гирифт.Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди ҷузъу томҳои горд, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Финландия, салому дуруд ба афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар ҷараён гирифт.Масоили ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Финландия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Нийнистё Саули баррасӣ шуд.Муҳокимаи муфассали масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.Таъкид гардид, ки захираҳои фаровони табию нерӯи инсонии Тоҷикистон ва сармояву технологияҳои муосири Финландия заминаи хуб барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд аст.Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, хусусан гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои Тоҷикистону Финляндия номида шуд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки Тоҷикистону Финландия доир ба масоили зиёди амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, обию энергетикӣ, экологӣ, ҳифзи иқлими сайёра аз гармшавӣ ва таъмини дастрасии васеи аҳолии ҷаҳон ба оби поки ошомиданӣ мавқеи ягона ва ё ба ҳам наздик дошта, дар ин самт ҳамгироии судманд ба роҳ мондаанд.Баъди анҷоми музокироти расмӣ як созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Финляндия баҳои баланд доданд.Президенти Финландия Нийнистё Саули аз ҷумла изҳор дошт: «Финландия ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осишта дар Афғонистон манфиатдор аст ва мо барои ин аз тамоми имкону захираҳои ду кишвар омодаем босамар истифода барем».Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҷойгоҳ ва нуфузи хоси Финландия дар умури сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Аврупо изхор дошт, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунчанба бо ин кишвар ҳавасманд аст».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 24, 2012 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад