Натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон

Октябрь 6, 2012 12:47

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои нави имзошуда ва тавофуқоти зиёди ҳосилгардида ба рушди минбаъдаи ҳамшарикии стратегии ду давлати дӯст, таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад.Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, ҷониби Русия бар ивази ба муҳлати 30 сол дароз шудани замони будубоши Пойгоҳи низомии 201 Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бо техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳа ва лавозимоти муосири низомӣ таъмин намуда, кумакҳои дигари ҳарбию техникӣ мерасонад ва омӯзиши кадрҳои низомии тоҷикро дар муассисаҳои таълимии худ васеъ ба роҳ мемонад. Мувофиқи тасмимоти ду ҷониб бояд қудрати дифоии Тоҷикистон тақвият дода шавад.Мутобиқи созишномаи дигар Хадамоти федералӣ оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовари Федератсияи Русия ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кумаки техникӣ 5 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо менамояд.Тибқи тавофуқоти дар соҳаи энергетика ҳосилшуда ҷониби Русия ҳар сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми то 1 миллион тонна маводи сухти нафтӣ, ки баробар ба эҳтиёҷоти дохилии солонаи кишвари мо мебошад, бе боҷи гумрукии содиротӣ содир менамояд. Ҳамчунин аз ҷониби Русия дар Тоҷикистон бояд як зумра нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ, аз ҷумла дар болои рӯдҳои дохилии Зарафшон, Фондарё ва Хингоб бунёд намояд.Тасмимоти ҷиддии дигар доир ба навсозии иқтидори саноатии Тоҷикистон гирифта шуд, ки тибқи он барои эҳёи корхонаҳои мавҷуда ва бунёди иншооти нави саноатӣ дар Тоҷикистон дар зарфи 20 соли оянда аз ҷониби Русия бояд 12 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шавад. Тавре зикр гардид, ин кор имкон медиҳад, ки мардуми Тоҷикистон дар дохили кишвар бештар бо кор таъмин шуда, муҳоҷирати корӣ ба Русия коҳиш ёбад.Тибқи санади дар соҳаи муҳоҷират имзошуда бошад, муҳлати аз қайд гузаштани муҳоҷирони корӣ баъди воридшавӣ ба ҳудуди Русия бояд аз 3 рӯзи ҳозира ба 15 рӯз ва муҳлати иҷозатномаҳо барои кор дар Русия аз 1 соли ҳозира ба 3 сол иваз карда шавад.Натиҷаҳои ин сафар ба рушди ҳамкорӣ дар соҳои сиёсат, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, иқтисодиёту иҷтимоиёт, энергетика, саноат, муҳоҷират, маориф, илму техника ва фарҳанг ба таври муфассал дар Изҳороти муштарак оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода иттилоъ дод.

Октябрь 6, 2012 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад