Натиҷаи корҳои илмию таблиғотӣ қаноатбахш аст

Октябрь 9, 2012 10:36

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Тавре ки иттилоъ доданд, Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ дар нӯҳ моҳи соли 2012 зиёда аз 242 номгӯй кори илмӣ, аз ҷумла 8 китоб ва 16 тавсияномаро аз чоп баровард.Дар аспирантураи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) ҳоло 84 нафар аспирант таҳсили илм доранд. Ҳамкории муассисаҳои илмии академия бо Маркази илмии байналмилалии Биоверсити, СИДА, ФАО, Бонки рушди Осиё, Бонки ҷаҳонӣ, ИИТ «Назиллӣ»-и Туркия, Академияи илмҳои кишоварзии Синсизяни Ҷумҳурии Чин ва муассисаҳои илмии соҳавиии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил идома дорад.Мувофиқи барномаи рушди инноватсионии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2011 тасдиқ гардидааст, муассисаҳои илмии Академия 8 лоиҳаи муҳими инноватсиониро иҷро карда истодаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ иттилоъ доданд.

Октябрь 9, 2012 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард