Пардохти ҳаққи алоқаи мобилӣ боз ҳам дастрастар шуд!
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- Хизматрасонии «Пардохти ҳаққи алоқаи мобилӣ» акнун барои мизоҷони ширкати «Вавилон-Мобайл» дастрастар шуд. Тавре ки аз ҶСК «Агроинвестбонк» иттилоъ доданд, дорандагони кортҳои пластикии «Агроинвестбонк» низ метавонанд ҳисобҳои худро тавассути банкоматҳои бонк, низоми «Интернет-бонкинг» ва «Бонкинги мобилӣ» бидуни комиссия пур намоянд. Дар банкоматҳои бонкӣ муштарӣ метавонад амалиёти «Пардохти алоқаи мобилӣ»-ро интихоб намуда, дар низоми вақти ҷорӣ ҳаққи хизматрасонии алоқаи мобилии ширкати «Вавилон-Мобайл»-ро пардохт намояд. Бояд гуфт, ки тавассути хизматрасониҳои «Интернет-бонкинг» ҳар як шахс метавонад пардохти худро дар низоми автоматӣ ба нақша гирад. Дар ин ҳолат тавозуни телефони мобилии онҳо дар сана ва вақти нишондода ба таври автоматӣ пур карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






