Пешгирии хариду фурӯши одамон

Октябрь 18, 2012 15:23

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябр то 12 октябр дар доираи амалиёти «Нелегал -2012» дар вилояти Суғд бо мақсади ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани назорат аз болои воридшавӣ, иқомат ва ҳаракати шаҳрвандони хориҷӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ҳудуди вилояти Суғд корҳои муайянро ба иҷро расонид. Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти раёсат мунтазам доир намудани амалиёти муштарак барои муайян намудани шахсоне, ки ба ҷалби қувваи кори хориҷӣ дар қаламрави вилояти Суғд машғуланд ва дастгир кардани шаҳрвандони хориҷие, ки дар миқёси вилояти Суғд бе иҷозати расмӣ кору зиндагӣ мекунанд, гузаронидани санҷишҳои назоратӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Дар айни замон дар вилоят 62 ширкату корхона бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолият мебаранд. Гуруҳи кории раёсат ҳар ҳафта чандин корхонаро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Аз оғози марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2012» то 12.10.2012 аз ҷониби аъзои гуруҳи корӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 34 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тадбирҳои маъмурию ҳуқуқӣ андешида шуданд. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин — 7 адад, Ӯзбекистон- 14 адад, Русия- 7 адад, Қирғизистон- 2 адад, Тоҷикистон- 3 адад ва Озарбойҷон — 1 ададро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ зимни марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегел-2012» ба маблағи 12960 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Раёсат минбаъд низ дар ин самт корбариро давом дода, ҷиҳати иҷрои супоришу вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд.Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.

Октябрь 18, 2012 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд