Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Шоми имрӯз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин пагоҳ 5 октябр ҷараён мегиранд.Зимни гуфтушуниди созанда маҷмӯи васеи масоили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ хоҳад шуд.Пас аз музокирот ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим доир ба рушди ҳамкории минбаъдаи ду шарики стратегӣ дар назар аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






