Роҳбарони ПСС ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд

Октябрь 17, 2012 15:43

Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷаласаи даҳуми Шўрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати кишвар иттилоъ доданд. Интизор меравад, ки дар кори ҷаласаи даҳуми Шўрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои ИДМ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, муовини раиси Кумитаи иҷроия, котиботи иҷроияи ИДМ Анатолий Дрон, роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ИДМ ширкат менамоянд.Масъалаҳои марбут ба фаъолияти даҳсолаи палатаҳои савдо ва саноати ИДМ, рушд ва дурнамои он, инчунин нақши Шўрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ИДМ дар таҳкими раванди ҳамгироӣ дар фазои ИДМ дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа қарор мегиранд. Ҳамзамон роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои ИДМ доир ба натиҷаҳои фаъолияти даҳсолаи Шўро ва самтҳои афзалиятноки минбаъдаи он табодули назар менамоянд. Дар доираи ҷаласа роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ИДМ барои саҳмашон дар таҳкими ҳамкориҳо, хусусан ташкили намоишгоҳҳою ярмаркаҳо бо нишон ва диплом сарфароз мегарданд. Иштирокдорони ҷаласа инчунин масъалаи интихоби раиси Шўрои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати ИДМ ва ҷаласаи 11 –уми Шўрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати ИДМ ва соири масъалаҳои марбут ба Шўрои мазкурро матраҳ хоҳанд кард.

Октябрь 17, 2012 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд