Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Чин таҳким меёбанд

Октябрь 15, 2012 14:23

Душанбе,15 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Ҳайати Ҷамъияти халқии дӯстӣ ва равобит бо кишварҳои хориҷии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин бо сарварии котиби генералии ҷамъият Юй Тзанхао бо сафари дӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Аҳдномаи ҳамкориҳо байни Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) ва Ҷамъияти халқии дӯстӣ ва равобит бо кишварҳои хориҷии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин то соли 2017 имзо шуд. Мувофиқи аҳднома тарафҳо ҳамкории муфидро доир ба фарҳанг, маориф, илму техника, варзиш ва сайёҳӣ ривоҷ медиҳанд. Ин ҳамкорӣ, бешубҳа, барои мустаҳкам шудани дӯстии байни халқҳои Чин ва Тоҷикистон мусоидат мекунад. Аҳдномаро Юй Тзанхао ва раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев имзо намуданд. Дар маросими имзои аҳднома намояндагони ҷамъиятҳои дӯстӣ, вазоратҳои фарҳанг ва маориф, устодон ва донишҷӯёни макотиби олие, ки шуъбаҳои забони чинӣ доранд, ҳамчунин намояндагони Маркази Конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар китобхонаи миллӣ инчунин намоиши аксҳо таҳти унвони «Шанхайи гуманитарӣ» ва намоиши китобҳо таҳти унвони «Дарича ба сӯйи Шанхай» кушоиш ёфтанд.Китобҳое, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, ба Китобхонаи миллӣ супорида мешаванд. Сафари  ҳайати Ҷамъияти халқии дӯстӣ ва равобит бо кишварҳои хориҷии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин пагоҳ, 16 октябр ба анҷом мерасад.

Октябрь 15, 2012 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад