Сатҳи таваррум муътадил аст

Октябрь 10, 2012 17:15

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Мувофиқи маълумоти расмӣ сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли равон чун моҳҳои пешин муътадил буда, 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ кам мебошад.  Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи август 1,3 фоиз ва дар 12 моҳи охир ба 5 фоиз баробар шуд. Таҳлилҳои охири мутахассисон собит намуданд, ки нишондиҳандаҳои боло асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ, маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқавӣ ба даст омадаанд. Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, ки яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, 15 августи соли равон 6,5 фоиз муқаррар карда шуд.

Октябрь 10, 2012 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад