Семинар ҷиҳати пешгирии омилҳои худкушӣ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз бо ташаббуси КВД “Маркази миллии имкониятҳои ҷавонон” бо мақсади пешгирии омилҳои худкушӣ миёни ҷавонони деҳот дар маҷлисгоҳи мактаби миёнаи умумии №34 ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ миёни ҷавонони ин минтақа семинари омӯзишӣ доир гардид.Дар семинар коршиносон дар радифи масоили вобаста ба ҳолати худкушӣ, инчунин ба масъалаҳои вазъи иҷтимоии ҷавонон, таҳсил, таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, огоҳӣ, ҷаҳонбинӣ ва донишҳои инфиродиву мустақилияти зеҳнии насли ҷавон ибрози ақида намуданд. Иштирокчиёни семинари омӯзишӣ иброз намуданд, ки бобати татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ва густариши фаъолияти ташвиқотиву тарғиботӣ бо мақсади фарогирии қишри ҷавони ҷомеа ба чорабиниҳои фарҳангӣ, вокуниш ба мушкилоти иҷтимоиву равонӣ ва ахлоқӣ, рушду тавсеаи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, фарҳангӣ ва масъулиятшиносӣ кӯшиш хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии имкониятҳои ҷавонон” дар давоми моҳи сентябри соли равон, силсила-чорабиниҳои омӯзиширо дар самти пешгирии омилҳои худкушӣ миёни 100 нафар ҷавони ҷамоати деҳоти Гулистон ва Русияи ноҳияи Рӯдакӣ амалӣ намуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






