Семинари зиддимухаддиротӣ дар Теҳрон
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар шаҳри Теҳрон семинар дар мавзӯъи «Пешгирии ВИЧ/СПИД, ки бо маводи мухаддир алоқа дорад» доир мегардад. Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо «Мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ» баргузор мешавад.Тоҷикистонро дар ин семинар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти кишвар Миҷгона Ҳусейнова намояндагӣ мекунад. Семинар то 17 октябр идома меёбад.Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






