Шӯрои ВАО дар Бадахшон
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Имрӯз мулоқоти навбатии Шӯрои ВАО-и ҶТ дар маркази маъмурии ВМКБ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ Ховар аз дастгоҳи иҷроияи Шўрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои расида дар чорабинӣ дабири кулли Шурои ВАО Хилватшоҳи Маҳмуд ва аъзои Шӯро Қурбон Аламшоев ва Мухтор Боқизода ширкат доштанд. Дар аввал аъзои Шӯро ва иштирокчиёни семинарро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии вилоят Сабоҳат Донаёрова, сармутахассиси бахши иттилооти дастгоҳи иҷроияи раиси ҳукумати вилоят ба ҳузур пазируфта баъдан дар бораи ҳадафи ин семинар сухан кард. Маврид ба зикр аст, ки дар ин нишаст ҳудуди беш аз 35 нафар аз ҷумла, донишҷӯён устодон, кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллии вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ширкат ва суханронӣ доштанд. Зимни нишаст дар мавриди «Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва фаъолияти касбии журналистӣ» ва дар атрофии масоили ба он вобаста суҳбати судманд сурат гирифт, ки дар он иштирокчиён назари худро иброз доштанд. Дар нишаст изҳори нигаронӣ карда шуд, ки дар бархе аз матбуоти даврии марказии ҶТ, ба арзишҳои динӣ ва мазҳабӣ арҷ гузошта намешавад ё ки бе эҳтиромӣ зоҳир мешавад, ки ин хилофи моддаи 5 ва 9 «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Иштирокчиён аз Шӯрои ВАО-и ҶТ даъват карданд, ки дар ҳалли ин масоил бетараф набошанд ва ба ин мушкилот расидагӣ кунанд. Ёдрас мекунем, ки ин чорабинӣ дар идораи ҳукумати шаҳри Хоруғ сурат пазируфта, дидору мулоқоти аъзои Шӯрои ВАО аз ВМКБ идома дорад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






