Шиносоии Э.Раҳмон бо ҷараёни сохтмон ва таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2012 14:26

Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён шинос шуд.Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба бинои навбунёди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар як паҳлуи иншооти маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе қомат афрохта, ба ин мавзеъ ҳусни тоза зам намудааст, ташриф овард. Зимни шиносоӣ бо рафти таҷҳиз ва ороиши берунию дохилии ин бинои боҳашамат, ки аз толору утоқҳои сершумори махсус барои нигоҳдории ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ муҷаҳҳазгардида иборат мебошанд, ба масъулини соҳа доир ба мутобиқ намудани онҳо ба талаботи техникию технологӣ ва ҷобаҷогузории дурусти маводи намоишӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки барои ин кори муҳим беҳтарин олимону мутахассисон ва омӯзгорону донишҷӯёни таъриху фарҳангшинос сафарбар шаванд. Тавре ки иттилоъ дода шуд, осорхона аз толорҳои давраҳои гуногуни таърихи гузаштаю муосири миллати тоҷик ва ёдгориҳои нодири фарҳангӣ иборат буда, ҳама бо шабакаҳои гармидиҳию салқинсозӣ, оташнишонӣ, муҳофизатӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд.Барои ба таври шоиста ба поён расондани тамоми корҳои таҷҳизу ороиш, ҷобаҷогузории дурусти осори намоишӣ ва ба кор ҷалб намудани беҳтарин мутахассисони соҳа ба масъулин то 1 марти соли 2013 муҳлат дода шуд.Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён, ки дар паҳлӯи меҳмонхонаи 5-ситорадори Ҳаёт ва кӯли Ҷавонон дар ҳоли сохтмону таҷҳиз қарор дорад, ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо аз наздик шинос шуд.Тавре ки иттилоъ дода шуд, бинои асосии марказ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва се ошёна дар рӯйи замин иборат буда, баландии гумбази марказии он ба 38 метр мерасад.Маркази мазкур аз 12 толори хурду бузург иборат буда, дар як вақт метавонад ба 2 ҳазор нафар мизоҷ хизмат расонад.Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши толорҳо иттилоъ дода шуд, ки онҳо бо санъати бостонии кандакорӣ ва нақшу нигори дилкаш дар рӯи чӯб, санг, гач ва бо усули оинабандӣ оро дода мешаванд. Аҳли илму фарҳанг, аз ҷумла таърихнигорону фарҳангшиносон, адибони маъруфи кишвар, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекарданд, аз шукуҳу азамат ва зебоии беҳамтои ин толорҳои нимтайёр ба ваҷд омада, аз ҷумла изҳор доштанд, ки ин мавзеъ аз беҳтарин марказҳои таърихию фарҳангӣ ва фароғатии ин минтақа хоҳад буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 12, 2012 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад