Синамогарон ба «Дидор»-и ҳам мерасанд
Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам) — Аз 16 то 20 октябри соли 2012 бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ташкилоти «Hivos»-и Нидерданд ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон дар Хонаи кинои шаҳри Душанбе кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» баргузор мешавад. Ба иттилои маъмурияти кинофестивал, дар ҷашнвораи панҷуми синамоии «Дидор» 75 филме, ки тайи ду соли охир таҳия шудаанд, аз 19 кишвар ба тамошо гузошта мешавад. Дар озмуни байналхалқӣ 23 филми ҳунарӣ иштирок мекунад. Аз Тоҷикистон 3 филм: «Телеграмма»-и коргардон Искандар Усмонов, филми «Чарх»-и коргардон Шаҳзод Раҷабов ва филми кӯтоҳи «Хорсаро» — и донишҷӯи Институти давлатии кинои Русия Румӣ Шоҳазимов дар озмун ширкат мекунад. Ҳамчунин ба фестивал филмҳои аниматсионии коргардони тоҷик Бахтиёр Қаҳҳоров «Аждар», «Хар», «Мурғак» ва ғайра пешниҳод шудаанд.Дар ин бора корманди масъули Институти «Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Ҷовид Муқим ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






