Созишнома миёни ДДК ва донишгоҳҳои беҳтарини Аврупо
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова) .- Дар ҷазираҳои Қанар миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва донишгоҳҳои Аврупо дар бораи ҳамкории минбаъдаи фаъол як силсила созишномаҳо ба имзо расиданд. Мувофиқи иттилои муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба робитаҳои байналмилалӣ Додарбек Сайдалиев, бо Донишгоҳи Лас Палмас (ҷазираҳои Қанар), Донишкадаи корҳои бонкӣ (Прага, Чехия), Донишгоҳи Генуя (Италия), Мактаби тиҷорати Хаддерфилд (Британияи Кабир) ва Донишгоҳи Лас Ислас Балеарес (Испания) созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Ба иттилои ӯ: «Дар чаҳорчӯби созишномаҳои мазкур донишҷӯёну ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи Кӯлоб имкон пайдо мекунанд, ки дар муассисаҳои таълимии пешқадами Аврупо ба таҳсилу таҳқиқот машғул шаванд». Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи «Еразмус Мундус» амалӣ гардида, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Ҳамчунин ғайр аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ дар ин лоиҳа иштирок доранд. Бояд гуфт, ки барои таҳсил ва такмили ихтисос дар чаҳорчӯби барномаи «Еразмус Мундус» (Erasmus Mundus) дар давоми солҳои 2007-2012 дар донишгоҳҳои Аврупо ба донишҷӯёну омӯзгорони Тоҷикистон 316 идрорпулӣ (стипендия) ҷудо шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






