Созишномаи байни Тоҷикистону Кувейт

Октябрь 17, 2012 15:20

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳайати Давлати Кувейт Созишнома дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва ҷилавгирии рӯ гардонидан аз пардохти андозҳои даромад ва сармоя мавриди муҳокима қарор гирифт.Тавре ки дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот даври аввали гуфтушуниди байни ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувейт перомуни Созишномаи мазкур сурат гирифт. Баъди анҷоми гуфтушунид аз рӯи ҳамаи нуктаҳои Созишнома ҳусни тафоҳум ба даст омада, ҳар ду ҳайат лоиҳаи муштаракро тасдиқ намуданд. Ҳайатҳо тасмим гирифтанд, ки барои имзои Созишнома ҳамаи расмиятҳои байни ҳар ду давлат риоя карда шаванд.

Октябрь 17, 2012 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад