Тавофуқоти Душанбе ва Маскав ба манфиати ҳарду кишвар аст
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)-Зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон намояндагони мақомоти баландпояи ҳарду кишвар дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ва ҳамтои русаш Владимир Путин 6 санади муҳими ҳамкориро имзо намуданд. Ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкории низомӣ, иқтисодӣ ва тиҷории Русияву Тоҷикистон , аз ҷумла имзои санади «калидӣ» — тамдиди пойгоҳи низомии 201-и Русия барои сӣ соли оянда вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва доираҳои коршиносон ба миён овард. Қисме аз таҳлилгарон бар ин боваранд ки имзои ин санадҳо наметавонад ба кулли ба манфиати Тоҷикистон бошад. Аммо иддае аз коршиносони дигар мегӯянд, ки кишвари мо аз ин ҳамкорӣ бо Русия бурд хоҳад кард. Абдулғанӣ Муҳаммадазимов — раиси анҷумани сиёстшиносони Тоҷикистон, сафари президенти Русия ба Душанбе ва имзои санадҳо дар заминаҳои мухталифро барои ҳар ду тараф муваффақиятомез унвон кард. Номбурда гуфт, натиҷаи ин сафарро «сафари осоиштагӣ» ном гузоштааст, зеро баъзе мушкилоте, ки аз берун мушоҳида мешуд, сафари мазкур онҳоро барканор кард. Ба иддаои ин сиёсатшиноси тоҷик, боқӣ мондани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз манфиат холӣ нахоҳад буд. «Ин пойгоҳ амнияти Русия ва ҳам Тоҷикистонро ҳимоя мекунад. Дигар мо тарсу ҳарос надорем, ки баъд аз соли 2014, яъне пас аз хуруҷи эътилофи байналмилалӣ аз хоки Афғонистон аз он тарафи Амударё ягон қуввае ба Тоҷикистон таҳдид намекунад. Ин вазъият ба кишвари мо имкон медиҳад, то иқтисод ва давлатдории миллии худро таҳким бахшад. Ҷаноби Муҳаммадазимов дар идома имзои созишномаи дигарро вобаста ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ саривақтӣ донист. Зеро мегӯяд ӯ, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон зиёдшавии аҳолӣ аз пайдо шудани ҷойҳои кории холӣ пеш меравад. Мо дар панҷ ё даҳсолаи охир барои равона кардани муҳоҷирони тоҷик ба Русия ниёз дорем, чунки беҳтар шудани вазъияти муҳоҷирон дар Русия ба иқтисодиёти кишвар манфиати зиёд меорад. «Бубинед, муҳоҷирони мо то як сол иҷозаи кор доштанд ва баъд аз як сол маҷбур буданд, то ба Тоҷикистон ё ягон кишвари дигар рафта марзро убур кунанду дубора ба Русия баргарданд. Албатта, ин ҳам вақт ва ҳам маблағи зиёдро талаб мекард. Акнун метавонанд, кори худашонро давоми се сол ба нақша гиранду ҷои коре ёбанд, ки муддати ин се сол онҷо фаъолият карда тавонанд. Аз ҷониби дигар, корфармоҳои рус медонанд, ки муҳоҷири кории тоҷик дар як сол инҷо намемонаду се сол бояд кор кунад ва дар ин ҳолат ҳамон муҳоҷирати ғайриқонунӣ низ ба муҳоҷирати расмӣ табдил меёбад» . Ҳарчанд дар доирае баъзе аз коршиносон, музокироти Тоҷикистон ва Русия дар Душанберо ба истиқлолияти Тоҷикистон зиёновар унвон кардаанд, вале Абдулло Ҳабибов- раҳбари Созмони дӯстии Тоҷикистону Русия имзои ин санадҳоро муҳим ва барои Тоҷикистон нақшбозанда арзёбӣ кард. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, сару садоҳо дар мавриди боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия барои сӣ соли дигар зиёд ба гӯш мерасад, вале аз нуқтаи назари манфиат буду боши ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ба мавқеи сиёсии ин кишвар хеле тавқияти зиёд мебахшад. Инчунин, ба гуфтаи номбурда, ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва мадади мақомоти марбутаи Русия метавонад нақши бештар дошта бошад. Вай гуфт: «Теъдоди бештари маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Русия интиқол дода мешавад ва ҳамкорӣ байни ин ду давлат ба манфиати кор хоҳад буд, зеро интиқоли зиёди маводи муахддир ба мардум таъсири зиёд дорад». Абдулло Ҳабибов имзои созишнома дар бобати энергетикаро низ барои кишвар муҳим номид. Гарчанде, ки мегӯяд ӯ, дар ин мулоқот ва дидори раҳбарони ду кишвар ҳарфе дар мавриди сохтмони НБО-и «Роғун» гуфта нашуд, аммо ишораҳое буданд, ки маблағгузорию ҳамкорӣ дар ин самт дар оянда зиёд хоҳад шуд. «Русия омода аст, ки чунин лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон амалӣ созад. Фикр мекунам, ки мардуми Тоҷикистон бояд эҳсос кунанд, ки Русия ба мо шанс додааст, ки дар оянда Тоҷикистон иқтисодиёти худро пурқувват кунад». Дар ин зимн Суҳроб Шарифов вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд: «Пеш аз ба имзо расидани ин созишномаҳо, назарҳои коршиносону ҳарбиён дар ин самт гуногун буд ва равияи асосии онҳо чунин буд, ки чигуна мазмун ва омилҳои сиёсиву иқтисодӣ Тоҷикистону Русияро водор мекунад ки ин созишномаҳоро ба имзо расонанд. Ба гуфтаи ин вакили парлумон, Тоҷикистон дар марҳилаи муҳим қарор дорад ва бояд дар ин замон сиёсати дохилӣ ва асосан сиёсати берунаи худро бо давлатҳои бародар ва шарикони стратегии худ муайян созад». «Фикр мекунам, натиҷаи гуфтушунидҳои раҳбарони Тоҷикистону Русия ба нафъи давлати мо ҷавобгӯй мебошад. Пеш аз ҳама мушкили ҷойгиршавии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба манфиати Тоҷикистон ҳам аз ҷиҳати геостратегӣ, амниятӣ ва сиёсати дохилӣ муҳим аст. Ин се омили асосӣ дар мавқеи геополитикӣ метавонад Тоҷикистонро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ва фишороварӣ эмин дорад. Дуюм ин, ки худи Русия интизори ин созишнома буд, чунки ин созишнома мавқеи геополитикии Русияро дар минтақа муайян месозад». Ба гуфтаи Суҳроб Шарифов, аз ин нуқтаи назар Русия хеле ҳам муҳим мешуморад, ки Тоҷикистон дар ин самт мавқеи муайян ва кушода дошта бошад. Ӯ мегӯяд: дар ҳақиқат кишвари Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст. Агар аз ҷиҳати иқтисодӣ назар кунем, Русия дар нақша дорад, то бо гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ барои таҳияи лоиҳаҳои нави сохмони нерӯгоҳҳои нави миёна дар дарёҳои Зарафшон, Хингоб ва Сурхоб ҳамкорӣ кунад. «Албатта, инҳо ба нафъи ҳарду кишвар аст, зеро мо потенсиали энергетикии худро хеле кам истифода мебарем. Ва ман фикр мекунам, дар ин ҷода саҳми ҳарду кишвар зарур аст»-гуфт вакили парлумони кишвар. Дар ҳамин ҳол Абдулло Ҳабибов, роҳбари Созмони дӯстии Тоҷикистону Русия ба ин бовар аст, ки интихоб шудани Шувалов ба вазифаи раҳбари комиссияи байнидавлатии ин ду кишвар низ метавонад муносибати Тоҷикистону Русияро боз ҳам хубтар кунад, зеро Шувалов шахси муваффақ дар долонҳои Ҳукумати Русия аст ва аз ухдаи ҳалли тамоми масъалаҳо баромада метавонад. Дар ин баробар бояд ҷониби Тоҷикистон низ шахсеро дар ҳайати ин комиссия шомил кунад, то он созишномаҳое, ки солҳои зиёд хобанду атрофи онҳо кор бурда намешавад, дубора баррасӣ кунад. Ёдовар мешавем, ки дар пайи сафари президенти Русия ба Тоҷикистон санадҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ, инчунин дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таҳвили маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон, энергетика ва тавофуқномаҳо дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расиданд. Ва таҳлилгарон ҳамкорӣ дар ин самтҳоро муҳим арзёбӣ карда, на танҳо ба манфиати давлат, балки ба нафъи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон марбут медонанд.